РУСИЯ БА МӮҲЛАТИ СЕ СОЛИ ДИГАР УЗВИ ШӮРОИ ҲУҚУҚИ ИНСОНИ С

Май 14, 2009 12:20

                     Маскав, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 12 май дар маҷлиси 63 — юми умумии Ассамблеяи генералии СММ Федератсияи Русия ба мӯҳлати се соли дигар узви Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ интихоб шуд. Намояндагони 146 давлати аъзои СММ ба тарафдории интихоби Русия овоз доданд. Ин шаҳодат медиҳад, ки дар СММ ба нақши Федератсияи Русия дар густариши хамкории байналхалқӣ барои дастгирию ҳифзи ҳуқуқи инсон баҳои баланд дода мешавад.                     Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита барои воситаҳои ахбори умумӣ изҳорот дарҷ намуд. Дар он гуфта мешавад, ки Русия дар фаъолияти Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ мисли пештара ба эҳтироми ҳуқуқи миллатҳои хурд, нигоҳ доштани забон ва анъанаҳои миллии онҳо, тавсиаи робита бо ҳамдиёрони хориҷӣ, мубориза ба муқобили миллатгароии навбаромад ва шаклҳои дигари табъизи нажодӣ, пешгирии таҳрифи рӯйдодҳои таърихӣ, эҳтироми арзишҳои анъанавӣ ва хусусиятҳои фарҳангии халқҳои гуногун ва густариши муколамаи динҳо аҳамияти калон хоҳад дод.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба ҳайати Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ, инчунин, Бангдалеш, Белгия, Маҷористон, Ҷибути, Урдун, Камерун, Қирғизистон, Чин, Куба, Маврикия, Мексика, Нигерия, Норвегия, Арабистони Саудӣ, Сенегал, ИМА ва Уругвай қабул карда шуданд.

Май 14, 2009 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд