«РУСТАМ ВА СӮХРОБ» ДАР ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Май 20, 2009 13:48

                      Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 17 то 19-уми июн дар театри ба номи В. Меерхольди шаҳри Маскави Федератсияи Русия Ҷашнвораи байналмилалии ба номи А. Чехов гузаронида мешавад.                      Дар он намояндагони як қатор давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла, Театри давлатии драммавии русии ба номи В. Маяковский ширкат хоҳанд кард.                      Намоишномаи «Рустам ва Сўҳроб» аз рўи асари шоири машҳури рус — Василий Жуковский гирифта шуда, дар таҳияи ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Усмонов ба саҳна гузошта шудааст. Рассоми намоишнома Нина Панова буда, дар он ҳунармандони театри мазкур Хуршед Мустафоев, Дмитрий Мурзинов, Фирўза Раҳмонова, Мавлонбибӣ Наҷмуддинова ва дигарон нақш мебозанд.                     Бояд зикр кард, ки намоишномаи номбурда дар Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту 2007» ҷои аввалро ишғол намуда буд.                      Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Май 20, 2009 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад