САДАМА ДАР РОҲИ ВАҲДАТ
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре аз дафтари матбуоти БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel-Vektra» Нуралӣ Қурбонов, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат дар километри 19, шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба автомашинаи тамғаи «Opel-Astra» таҳти идораи ронанда Дилшод Қосимов бар мехӯрад. Дар натиҷа худи ронандагони автомашинаҳо ва 5 нафар мусофирони онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат бистарӣ мегарданд. Аз дафтари матбуоти БДА инчунин иттилоъ доданд, ки 6 майи соли ҷорӣ тахминан соати 17 ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel-Vektra» Сафаралӣ Алиназаров ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Ҷ. Румӣ ба самти ноҳияи Вахш дар наздикии деҳоти Оққурғон, велосипедрони ноболиғ Муродалӣ Назаров, соли таваллудаш 1995, хонандаи синфи 6 — ро зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






