ШАҲРДОРӢ ҲАМ ЧАРОҒОНКУНИРО ДАСТУР ДОД

Май 26, 2009 12:29

                       Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба ҳамаи сохторҳои шаҳрӣ супориш дода шудааст, ки то 1-уми моҳи июн ба фурӯзонакҳои каммасраф гузаранд,-иброз дошт дар ҷаласаи корӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев , -гуфт котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов.                       Ҳамчунин барои сохторҳои ноҳиявӣ ин мӯҳлат як моҳ тамдид карда шуда то 1-уми июл вақти иловагӣ дода шудааст.                        Умуман дар шаҳри Душанбе мӯҳлати пурраи ба фурӯзонакҳо гузаштан то 1-уми август муқаррар карда шудааст.                         Ин супориш дар сурате дода шудааст, ки дар бозор нархи фурӯзонакҳо аз ибтидои соли ҷорӣ 5-6 маротиба боло рафта, нархи як фурӯзонак аз 6 сомонӣ ба 30-35 сомонӣ расонида шудааст.                        Хуб мешуд, ки барои амалӣ шудани ин дастуру супориш нархи фурӯзонакҳо ҳам зери назорат мегузашт.

Май 26, 2009 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд