СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).-4 июн дар Кохи Ваҳдат конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» баргузор мегардад. Ҷамъомад бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон бо ҳамкории намояндагии САҲА дар Тоҷикистон барпо мегардад. Дар конфронс Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидмурод Фаттоев ва намояндаи дафтари САҲА дар Тоҷикистон маърӯза хоҳанд кард. «Котиби матбуоти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи конфронс дар мисоли ҳаёту эҷодиёт ва таълимоти Имоми Аъзам дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва нафрат ба зуҳуроти номатлуби замони ҳозира тарбия намудани ҷавонон мебошад. Тасодуфӣ нест, ки ба қарибӣ бо фармони Президенти ҶТ номи Имоми Аъзам ба Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон гузошта шуд.»,- гуфт Н. Саидов.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






