ТАЪЛИМОТИ ИМОМИ АЪЗАМ

Май 20, 2009 15:32

                       Душанбе, 20 май (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Масоили таҳкими ваҳдату ҳамзистӣ дар таълимоти Имоми Аъзам»- таҳти чунин унвон дар Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (КҲФ ва МГ) 21 май, конфронси илмӣ баргузор мегардад. Дар он намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва кормандони раёсати корҳои тарбиявии КҲФ ва МГ иштирок менамоянд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз рӯи барномаи тарҳрезишуда, пеш аз оғози конфронс намоиши китобҳо бо номи «Сарчашмаҳо доир ба зиндагинома ва осори Имоми Аъзам» муаррифӣ гардида, конфронсро Раиси Китобхонаи миллӣ Шариф Тошев ифтитоҳ мебахшад. Дар он иштирокчиён дар бораи усулу асосҳои мазҳаби Абуханифа Имоми Аъзам, аҳамияти ақида ва афкори Имоми Аъзам дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ситоиши дӯстию бародарӣ ва ваҳтату ягонагӣ дар афкори ӯ ва нақши осори Абуҳанифа Нӯъмон дар ташаккули ахлоқии ҷавонон гузориш хоҳанд дод.

Май 20, 2009 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад