ТАРҲИ НАВИ САВДОИ АВТОМОБИЛҲО ДАР МОШИНБОЗОРИ ДУШАНБЕ

Май 4, 2009 15:38

               Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд шаҳрвандон имкон доранд, ки дар мошинбозори пойтахт мошинҳои нави сабукрави то як сол истифодагардидаро рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа савдо намоянд. Чунин тарҳи нави савдои мошинҳо 4 май дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев муқарар гардид.              Рӯзи душанбе дар мошинбозори пойтахт рӯзи санитарӣ эълон шуда, шаҳрвандон имкон доранд, ки барои хариду фурӯши мошинҳои боркаш ва механизмҳои сохтмонию роҳсозӣ дар рӯзи сешанбе ба бозор ташриф оранд. Дар рӯзи чоршанбе бошад дар мошинбозори Душанбе танҳо автобусу микроавтобус ва дигар нақлиёти мусофирбар савдо карда мешаванд. Рӯзҳои шанбею якшанбе савдои воситаҳои нақлиёти сабукрави аз як сол зиёд истифодагардида ба роҳ монда мешавад.            Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ин иқдом ҷиҳати ба эътидол овардани фаъолияти мошинбозор, ба низом даровардани тартиботи ҷамъиятӣ, кам кардани анбӯҳи зиёди мошинҳо, таъмини ҳолати санитариву бехатарӣ, хусусан рафъ сохтани ҳамагуна ҳолатҳое, ки боиси сар задании сӯхтор шуда метавонанд, андешида шудааст.            Дар робита муовини Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев ва сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳр Ф. Саидов вазифадор гардиданд, ки бо ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати иҷрои муқаррароти мазкур тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.          Инчунин, дар ҷаласа масъалаи интихоби қитъаи замин, корҳои лоиҳакашиву бунёди мошинбозори замонавӣ дар пойтахт баррасӣ шуд.   

Май 4, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад