ТОҶИКИСТОН АЗ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ КӮМАК МЕХОҲАД

Май 20, 2009 11:27

                       Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Ҳукумати Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналхалқӣ хоҳиш намуд, ки барои бартараф сохтани оқибати боронҳои тӯлонӣ кӯмаки таъҷилӣ расонанд. Дар муроҷиати Ҳукумати ҷумҳурӣ гуфта мешавад, ки дар натиҷаи боронҳои шадиду тӯлонӣ дар бисёр минтақаҳои мамлакат сатҳи оби дарёҳо баланд гардида, сел омад, масоҳати калони киштзор зери об монд ва маҳалҳои аҳолиниш бар асари фуромадани ярч зарари калон диданд. Дар натиҷаи фалокати табиӣ чандин нафар одамон, аз ҷумла, кӯдакон ҳалок шуданд. Боришҳои шадид умуман ба 40 шаҳру ноҳияи мамлакат зарари калони иқтисодӣ расонд.                       «Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки маблағи зарари боришҳо, аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, бештар аз сад миллион долларро ташкил медиҳад. Дар мамлакат 200 хона пурра валангор гардид. Инчунин, садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла, мактабҳо ва шифохонаҳо хароб гардиданд, 10 ҳазор нафар бесарпаноҳ монд, 160 километр роҳи мошингард, 40 кӯпрук хароб гардида, хатҳои интиқоли барқ, бунгоҳҳои трансформатории тақсими қувваи барқ ва стансияҳои насосии обкашӣ аз кор баромаданд».                      Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки «дар натиҷаи боришҳо масоҳати калони киштзор ва зиёда аз 3 ҳазор сар чорво нобуд шуд. Мақомоти мамлакат барои расондани кӯмак ба зарардидагон аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Вале Тоҷикистон имкон надорад, ки зарари фалокати табииро бо қувваи худ бартараф созад. Дар мамлакат масолеҳи бинокорӣ, маводи сӯхт, озуқа, дору, семент, хайма ва генераторҳои барқӣ намерасанд».                       «Барои беҳтар сохтани вазъият масъалаҳои таъминоти аҳолиро бо озуқа ва манзили муваққатӣ фавран ҳал кардан лозим аст. Айни ҳол барои барқарор сохтани киштзор қувваю маблағи зиёдро сафарбар намудан лозим меояд», — гуфт зимни сӯҳбат бо мухбири Радиои СММ намояндаи доимии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов.  

Май 20, 2009 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад