ҲУНАРМАНДОНИ БУХОРОӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД

Июнь 19, 2009 10:12

                   Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Сафари ҳунарии ҳунарпешагони дастаи «Мавригӣ»-и шаҳри Бухоро ба Тоҷикистон аз 29 июн оғоз меёбад. Ба тамошобинони тоҷик аз ҷумла рақсу сурудҳои халқии минтақаи Бухоро намоиш дода мешаванд. Директори генералии муассисаи давлатии ҳунарии «Базморо» Олим Акрамов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳунарпешагони бухороӣ баъди як рӯзи ба Душанбе омаданашон дар Кохи Ҷомӣ консерт медиҳанд. Баъд онҳо аз 1 то 7 июл дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Исфара ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.                   Инчунин мулоқоту вохӯриҳои ҳунарпешагони бухороӣ бо ҳамкасбони тоҷик ба нақша гирифта шудааст.

Июнь 19, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад