БЕҲТАРИН ВАЛЕЙБОЛБОЗОНИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ШУДАНД
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи навбатии волейбол дар байни занҳо баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар бозии ниҳони мусобиқа дастаҳои Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд вохӯрданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа соҳиби ҷои якум бо медалҳои тилло дастаи волейболбозони ВМКБ гардид. Ҷои дуюм ва медалҳои нуқра насиби дастаи волейболбозони вилояти Суғд, ҷои сеюм ва медалҳои биринҷӣ дастаи Душанбе-1 шуд. Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқа 8 даста иштирок намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






