ДАР ФАЪОЛИЯТИ ҚУВВАҲОИ ДАСТАҶАМЪИ ИШТИРОК КАРДАН НАМЕХОҲАД

Июнь 8, 2009 10:29

                Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Фарғона).- Ўзбекистон изҳор намуд, ки танҳо ба шарти иҷро кардани силсилаи талаботаш дар фаъолияти Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок хоҳад кард. Тошканд барои ин 4 шарт пешниҳод намудааст, аз ҷумла талаб карда мешавад ки қарори истифодаи қувваҳои мазкур на бо аксарияти овозҳои мамлакатҳои аъзои созмон, балки дар асоси машварати умумӣ қабул карда шавад. Ўзбекистон инчунин талаб мекунад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ дар мавриди мухолифат доштани қонунҳои миллии давлатҳои дигар ба ин мамлакатҳо фиристода нашаванд. Баъдан, Тошканд манъи иштироки қувваҳои мазкурро дар бартараф сохтани муноқишаҳои дохилии давлатҳои СААД тақозо дорад. Мақомоти расмии Ўзбекистон даъво доранд, ки созишнома дар бораи Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ на баъди имзои он, балки баъди тасвиби созишнома дар парлумонҳои мамлакатҳои аъзо эътибор пайдо намояд.               Муншии умумии СААД Николай Бордюжа зимни сӯҳбат бо хабарнигорон эътироф намуд, ки байни 6 давлати аъзои созмон ва Ўзбекистон дар ин масъала ихтилофоти ҷиддӣ вуҷуд доранд. Арманистон талаб кардааст, ки мӯҳлати муайяни бунёди Қувваҳои дастаҷамъӣ муқаррар карда шавад. Н. Бордюжа изҳор намуд, ки мавқеи Ўзбекисон алҳол ба имзои созишнома дар бораи ташкили Қувваҳои дастаҷамъӣ имкон намедиҳад. Вай изҳори боварӣ кард, ки 14 июн роҷеъ ба ин масъала созишнома тайёр карда мешавад ва сарони давлатҳои аъзои созмон онро имзо хоҳанд кард.  

Июнь 8, 2009 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад