МАВСИМИ ТЕАТРӢ АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов мавсими театрӣ ба охир мерасад. Муовини директори театр Зиёбой Тошев ба АМИТ «Ховар», хабар дод, ки шоми имрӯз асари саҳнавии охирини мавсими имсола намоиш дода мешавад. Ба тамошобинон асари саҳнавии «Чашмони бародари қиёматӣ» ки аз рӯи асари нависанда Нур Табаров навишта шудааст намоиш дода мешавад. Ҳунарпешагон моҳи июл ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба сафари эҷодӣ мераванд. Онҳо ба тамошобинони бадахшонӣ асарҳои саҳнавии «Тавқи лаънат ва номзад»-ро нишон медиҳанд, ки ба қалами драмнависон Шодӣ Солеҳ ва Зулфияи Содиқ таалуқ доранд. Мавсими нави театрӣ моҳи сентябр бо намоиши асари нави саҳнавӣ оғоз меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






