МУҲОКИМАИ ИМКОНИЯТҲОИ СОХТМОНИ НБО ДАР КӮЛИ САРЕЗ

Июнь 27, 2009 10:38

                    Душанбе, 27 июн. (АМИТ Ховар, Бекназари Абубакр).- Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Абдуғаффор Раҳмонов 24 июн бо роҳбари барномаи рушди соҳибкории хурду миёнаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Ванди Варнер ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба имконияти сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар кӯли Сарез ва таҳия намудани ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодии ниругоҳи мазкур ва бо ин мақсад гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ муҳокима шуданд. В. Варнер изҳор намуд, ки Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи имкониятҳои сохтмони НБО дар кӯли Сарез манфиатдор аст. Қайд карда шуд, ки Коорпаратсияи байналмилалии молиявӣ метавонад ҳамроҳи ширкати муҳандисии «Стаски Лимитед» ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи мазкурро омода созад.                     Ҷонибҳо паймон карданд, ки бо мақсади муфассалтар муҳокима намудани масъала аввали моҳи июл ҳамроҳи муттахассисони ширкати «Стаски Лимитед» ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ мулоқот кунанд.  

Июнь 27, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад