ШУВАЛОВ : «РУСИЯ ДАР СИЁСАТИ БЕРУНИ БА ХАТОХО РОХ МЕДИХАД»

Июнь 8, 2009 10:29

                        Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Регнум).- Дар мулоқоти навбатии байналмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва муносибатҳои иқтисодию сиёсии Русия бо мамлакатҳои ИДМ ва араб диққати калон дода шуд. Дар ин бора муовини аввали раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов баъди анҷоми мулоқот зимни сӯҳбат бо хабарнигорон сухан ронд. Ба қавли И. Шувалов Русия қабл аз ин дар сиёсати берунии худ ба бисёр хатоҳои ҷиддӣ роҳ додааст.                       Муовини аввали раиси ҳукумати Русия чунин мешуморад, ки муносибатҳои иқтисодии мамлакаташ бо мамлакатҳои ИДМ ва араб бояд беш аз пеш густариш дода шаванд. Байни Русия ва ин мамлакатҳо бояд фазои умумии иқтисодӣ ба вуҷуд оварда шавад.                       И. Шувалов зикр намуд, ки дар мулоқоти байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург бештар аз 2,5 ҳазор нафар иштирок дошт. Дар давоми 3 рӯзи мулоқот масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, истифода бурдани захираҳои асъор, нақшаҳои ояндаи фаъолияти бонкҳо, тадбирҳои бартараф сохтани оқибати бӯҳрони молиявӣ, истифодаи манбаъҳои иловагии энергия ва ғайра муҳокима шуданд.

Июнь 8, 2009 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад