СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ БУНИ ҲИСОРАК СОҲИБИ ХОНА ШУДАНД

Июнь 2, 2009 13:04

                         Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Субҳи имрӯз дар Душанбе маросими ботантанаи ба истифода додани бинои калони истиқоматии нӯҳошёна дар хиёбони ба номи Ҳ. Шерозӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади ба ин муносибат баргузоргардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.                          Бинои нав аз 6 иморат иборат буда, 336 хона дорад. Барои сохтмони 3 иморати он аз ҳисоби буҷети шаҳр зиёда аз 8 миллион сомонӣ сарф шуд. 3 иморати дигар аз ҳисоби маблағи соҳибкорони ватанӣ сохта шуд. Ин хонаҳо ба сокинони маҳаллаи Буни Ҳисорак дода мешаванд.                           Бинои навро коргарони ширкатҳои сохтмонии «Пойтахт», «ЖБК-1» ва «Строитель-К» сохтанд.

Июнь 2, 2009 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд