ЗАВОДИ ХИШТИ ПУХТАИ КЕРАМИКӢ

Июнь 8, 2009 11:19

                 Cуғд, 8 май (АМИТ «Ховар»,Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Корхонаи муштараки Тоҷикистону Кореяи ҷанубӣ «Тоҷик-Корея- керамик» заводи хишти ҳозиразамонро мавриди истифода қарор медиҳад, ки давоми як моҳ аз санҷиши истеҳсолию технологӣ мегузарад.                 Аз хумдони заводи нав се навъи хишти пухтаи керамики босифат истеҳсол мешавад. Таъсиси корхонаи муштарак аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони тоҷику Корея амалӣ мегардад ва ин корхонаро соҳибкор Музаффар Бобоҷонов сарварӣ менамояд. Истеҳсоли хишти керамикӣ аз якчанд ҷиҳат бартарӣ дорад; Ғунҷоиши хишти хом дар хумдон 50-ҳазор дона буда, дар як шабонарӯз аз 15 то 20 ҳазор дона, дар як соат 750 дона хишти керамикӣ мепазад. Дар завод танҳо ба хумдон мондани хишти хом ва гирифтан аз он механикӣ буда, боқимонда дигар ҳама протсеси истеҳсолӣ автоматӣ мебошад. Ҳарорати хумдон танзимшаванда буда ба таври автоматӣ пасту баланд карда мешавад. Хумдони завод ҳарорати баландро дорост. Сӯзишвории асосӣ мазут мебошад. Ин аввалин завод аст, ки бо мазут кор мекунад. Дар як моҳ шаст тонна мазут масраф мешавад. Ин беҳтарин усули сарфаи нерӯи барқ аст.                   Мазут аз корхонаи коркарди нефти шаҳри Ҷалолободи Ҷумҳурии Кирғизистон дар асоси шартнома харидорӣ мегардад.                   Яке аз афзалиятҳои заводи номбурда дар он аст, ки «Тоҷик-Корея-керамик» соҳиби иҷозатнома барои истифодаи ашёи хоми мавзеи деҳаи Султонободи ноҳияи Б.Ғафуров гардидааст ва дар ин ҷо хишти хом тайёр карда ба завод кашонда мешавад. Кашондани хишти хом нисбат ба кашондани хок як маротиба арзон аст.                   Ин ду истеҳсолот дар шаҳри Хуҷанд ва дар ноҳияи Б.Ғафуров боиси афзоиши ҷои кори иловагӣ гардид. 150 нафар коргарону мутахассисон машғули кор буда, маоши хубро соҳиб ҳастанд.

Июнь 8, 2009 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд