ҲАЛОКАТИ ЖУРНАЛИСТИ ҚИРҒИЗ

Июль 14, 2009 17:04

              Бишкек, 14 июл. (АМИТ «Ховар» Лента.Ру). — Дар вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ журналисти мустақил Алмаз Тошиев вафот кард. Ӯ 33 сола буда, бо баъзе рӯзномаҳои мухолифи ҳукумат ҳамкорӣ дошт. Тошиев дар шӯъбаи бемориҳои вазнини шифохонаи шаҳри Ӯш баъди ҷарроҳии 10 июл гузаронидашуда, аз дунё чашм пӯшид.             Худи А. Тошиев дар шифохона пеш аз оғози ҷарроҳӣ ба ҳамкасбонаш нақл кард, ки ӯро кормандони милиса 4 июл дар деҳаи Ҷонибозори ноҳияи Навкат сахт лату кӯб карда буданд. Прокуратураи ноҳия аз рӯи воқеаи латукӯб карда шудани Алмаз Тошиев ва марги ӯ парвандаи ҷиноӣ кушод.             Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар давоми 2 соли охир дар Қирғизистон ду журналисти мустақил ба ҳалокат расид.             Моҳи октябри соли 2007 дар вилояти Ӯш журналист Алишер Соҳибов ҳадафи ҳуҷум қарор гирифта буд. Шахсони номаълум ба дил ва сари журналист се маротиба тир холӣ карда буданд.                                                       Тарҷумон — Қудратов 

Июль 14, 2009 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад