АМАЛИЁТИ «ГАЗ» ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар асоси барқияи РБДА ВКД ҶТ аз 12 июли соли 2009 бо мақсади пешгирӣ намудани фалокатҳои нохуши нақлиётӣ ҳамчунин ошкор ва қатъ намудани истифодабарии автомашинаҳое, ки таҷҳизоти газиашон ба талаботи техникӣ ҷавобгӯй намебошанд аз 21 то 31 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе амалиёти «Газ» гузаронида мешавад. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе (БДА) подполковник Шерафган Латифов, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти шӯъба нақшаи чорабиниҳои иловагӣ тартиб дода шуд. Тибқи нақша бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба гузаронидани амалиёти газ ва пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ кормандони шӯъбаи БДА, бахшҳои БДА — и ноҳия ва афсарони ротаи хадамоти роҳбонӣ ба хоҷагиҳои автомобилӣ сафарбар карда шуда бо ронандагон, кормандони муҳандисӣ ва техникӣ сӯҳбатҳо мегузаронанд. Дар якҷоягӣ бо намояндагони хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санҷишҳои ҷамъиятҳои автомобилӣ ва таваққуфгоҳҳо барои ошкор сохтани воситаҳои нақлиёте, ки бе иҷозати дахлдор нақлиётҳояшонро бо газ таҷҳизонидаанду ҳуҷҷатҳои лозимӣ надоранд, гузаронида мешавад. Инчунин ҳамарӯза аз тарафи роҳбарияти шӯъбаи БДА дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ва нисфирӯзӣ мақсади гузаронидани ин чорабинӣ ба нозирони роҳ фаҳмонда дода шуда, онҳо ба ин самт равона карда мешаванд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






