БАРРАСИИ ЛОИҲАИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ

Июль 7, 2009 15:23

                Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Нагис Бояхмедова).- Имрӯз дар шаҳри Минск машварати навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он лоиҳаи созишномаи ҷустуҷӯи байнидавлатии одамон ва созишномаи тартиби ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ дар қаламрави ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Лоиҳаи созишнома пешбинӣ мекунад, ки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои ИДМ дархости мамлакатҳои манфиатдорро дар бораи гузаронидани тадбирҳои таъҷилии ҷустуҷӯи байнидавлатии одамон иҷро намуда, фаъолияташонро роҷеъ ба ин масъала ҳамоҳанг сохта, ба ҳамдигар маълумоти зарурӣ дода, таҷрибаи ҳамдигарро меомӯзанд. Дар ин маврид одамоне ҷустуҷӯ карда мешаванд, ки мувофиқи парвандаҳои ҷиноӣ ва қарори суд аз иҷрои ҳукм саркашӣ кардаанд, инчунин одамони беному нишон гумшуда ва бо аҳли оилаашон алоқа надошта ва онҳое, ки дар бораи маҳалли истиқоматашон бо ин ё он сабаб хабар дода наметавонанд, ҷустуҷӯ карда мешаванд.                Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ барои тафтиши ҳамаҷонибаи ҷиноятҳои содиршуда дар қаламрави ин ё он мамлакат ташкил карда мешаванд. Дар ҳуҷҷат вазифаҳои асосӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти чунин гурӯҳҳо муайян карда шудаанд.

Июль 7, 2009 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд