БАРРАСИИ ЛОИҲАИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Нагис Бояхмедова).- Имрӯз дар шаҳри Минск машварати навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он лоиҳаи созишномаи ҷустуҷӯи байнидавлатии одамон ва созишномаи тартиби ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ дар қаламрави ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Лоиҳаи созишнома пешбинӣ мекунад, ки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои ИДМ дархости мамлакатҳои манфиатдорро дар бораи гузаронидани тадбирҳои таъҷилии ҷустуҷӯи байнидавлатии одамон иҷро намуда, фаъолияташонро роҷеъ ба ин масъала ҳамоҳанг сохта, ба ҳамдигар маълумоти зарурӣ дода, таҷрибаи ҳамдигарро меомӯзанд. Дар ин маврид одамоне ҷустуҷӯ карда мешаванд, ки мувофиқи парвандаҳои ҷиноӣ ва қарори суд аз иҷрои ҳукм саркашӣ кардаанд, инчунин одамони беному нишон гумшуда ва бо аҳли оилаашон алоқа надошта ва онҳое, ки дар бораи маҳалли истиқоматашон бо ин ё он сабаб хабар дода наметавонанд, ҷустуҷӯ карда мешаванд. Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ барои тафтиши ҳамаҷонибаи ҷиноятҳои содиршуда дар қаламрави ин ё он мамлакат ташкил карда мешаванд. Дар ҳуҷҷат вазифаҳои асосӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти чунин гурӯҳҳо муайян карда шудаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






