БОЗ ЯК ҲАМКОРИИ СУДМАНДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Соли ҷорӣ дар ҷашни ваҳдати миллӣ боз як иншооти саноатӣ «Некӯ — Хуҷанд» мавриди истифода қарор гирифт. Боиси тазаккур аст, ки корхонаи мазкур дар масоҳати 7 400 метри мураббаъ сохта шуда, аз сехҳои ҳаллоҷӣ, пилтаресӣ, ресандагӣ, ҷойҳои ҳавокашҳо, ошхона ва ҷои истироҳати коргарон иборат аст. Бино ба иттилои директори корхонаи ресандагии «Некӯ — Хуҷанд» Исмоил Қаландаров корхонаи мазкур аз тарафи ширкати сохтмонии рақами 119 "Хуҷандсохтмон" ва ширкати "Бинокор" сохта шуд. Сохтмони корхонаи зикршуда ба маблағи 10 млн. 200 сомониро ташкил дод. Корхонаи ресандагии "Неку-Хуҷанд" бо технологияи муосири ширкатҳои "Hollingsworth" ва "Toyota" таҷҳизонида шуд. Корхонаи мазкур натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодии ширкатҳои «Хуҷанд — Инвест — Коттон» ва «Некӯ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Бино ба гуфти И. Қаландаров, ин корхона дар давоми як сол имконияти коркарди дуюним ҳазор тонна нахи пахтаро дошта, дорои 170 ҷои кори доимӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






