БОЗ ЯК ҲАМКОРИИ СУДМАНДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

Июль 3, 2009 14:47

                    Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Соли ҷорӣ дар ҷашни ваҳдати миллӣ боз як иншооти саноатӣ «Некӯ — Хуҷанд» мавриди истифода қарор гирифт. Боиси тазаккур аст, ки корхонаи мазкур дар масоҳати 7 400 метри мураббаъ сохта шуда, аз сехҳои ҳаллоҷӣ, пилтаресӣ, ресандагӣ, ҷойҳои ҳавокашҳо, ошхона ва ҷои истироҳати коргарон иборат аст.                     Бино ба иттилои директори корхонаи ресандагии «Некӯ — Хуҷанд» Исмоил Қаландаров корхонаи мазкур аз тарафи ширкати сохтмонии рақами 119 "Хуҷандсохтмон" ва ширкати "Бинокор" сохта шуд. Сохтмони корхонаи зикршуда ба маблағи 10 млн. 200 сомониро ташкил дод.                    Корхонаи ресандагии "Неку-Хуҷанд" бо технологияи муосири ширкатҳои "Hollingsworth" ва "Toyota" таҷҳизонида шуд.                    Корхонаи мазкур натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодии ширкатҳои «Хуҷанд — Инвест — Коттон» ва «Некӯ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.                    Бино ба гуфти И. Қаландаров, ин корхона дар давоми як сол имконияти коркарди дуюним ҳазор тонна нахи пахтаро дошта, дорои 170 ҷои кори доимӣ мебошад.  

Июль 3, 2009 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа