ЧАРО БОНКҲОИ ИСЛОМӢ ДАР ДАВРАИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ МУФЛИС НАГАРДИДАНД?

Июль 15, 2009 08:51

              Душанбе, 15 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ягон бонки исломӣ дар давраи бӯҳрони молиявӣ муфлис нагаштааст, гуфта мешавад дар ҳисоботи Мактаби иқтисодӣ ва илмҳои сиёсии Лондон (LSE). Муаллифони ин ҳисобот қайд мекунанд, ки бонкҳои исломӣ нисбат ба сохторҳои молиявии анъанавӣ аз бӯҳрони молиявӣ камтар зарар дидаанд ва бо ин роҳ ба онҳо сармоягузорони бештаре таваҷҷӯх зоҳир намудаанд.              Дар ҷаҳон эътимод ба бонкҳои исломӣ ҳам аз ҷониби давлатҳо ва ҳам аз сӯи шаҳрвандони муқаррарӣ афзуда истодааст. "Ягон бонки исломӣ дар вақти бӯҳрон муфлис нагашт ва аз давлат мадад напурсид"- қайд мекунад, яке аз муаллифони ҳисобот профессор Уилсон.             Ба назар чунин мерасад, ки бонкҳои исломӣ аз таъсири шадиди бӯҳрони молиявӣ дар муқоиса бо бонкҳои анъанавӣ дар канор мондаанд. Чунки онҳо аз бозори байнибонкӣ қарз намегиранд, баракс сармояи онҳо аз ҳисоби депозити худашон ба даст меояд.             Таҳлилгар қайд мекунад, ки имрӯзҳо аксарияти ташкилот ва шаҳрвандон ба бонкҳои исломӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Яке аз сабабҳои афзудани боварӣ ба бонкҳои исломӣ риоя гаштани ахлоқи ҳамидаи молиявӣ ва аз сӯи дигар сарчашмаи динӣ доштани низоми банкинги исломӣ аст.

Июль 15, 2009 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад