Э. РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ҲАРАКАТИ ҲАМРОҲНАШАВӢ
Дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб мулоқоти сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он дар баробари сарони кишварҳои зиёди олам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок дорад. Хотиррасон бояд кард, ки Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ баъд аз Созмони Милали Муттаҳид дувумин созмони калонтарини ҷаҳон аст ва Тоҷикистон дар он ба ҳайси давлати нозир шомил мебошад. Дар ин ҳамоиши бузург ҳамчунин суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Дар ҳошияи ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарон ва намояндагони воломақоми як зумра давлатҳо мулоқотҳои муҳими дуҷониба анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






