ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА- ҲОМИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Июль 3, 2009 15:55

                       Душанбе, 3 июля. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 20- солагии қабули Қонуни забони тоҷикӣ 4 июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Имоми Аъзам Абӯҳанифа- ҳомии забони тоҷикӣ» баргузор мегардад. Барои иштирок намудан олимону забоншиносон ва аҳли илму адаби ҷумҳурӣ даъват шудаанд. Директори китобхона Шариф Тошев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар чорабинии мазкур академику профессорони шинохта аз қабили Мусо Диноршоев, Баҳриддин Камолиддинов ва Акбар Ҷӯраев маърӯза намуда, дар бораи саҳми Имоми Аъзам дар рушди фарҳанги халқи тоҷик суханронӣ мекунанд.                       Дар доираи мизи мудаввар намоиши китобҳо тахти унвони «Забон-ҳастии миллат» муаррифӣ мегардад. Дар он беш аз 200 китоб ва мақолаю маҷаллаҳо доир ба забони тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуда мешаванд.  

Июль 3, 2009 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад