КИШТИ ТАКРОРӢ ЗИЁД ШУД

Июль 22, 2009 12:19

                   Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар заминҳое,ки ҳосили зироатҳо ҷамъоварӣ шудааст, кишти такрории зироатҳо давом дорад.                   То 1-уми июли соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)дар майдони 22 ҳазору 877 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд аст.                  Соли ҷорӣ кишти такрорӣ дар вилояти Хатлон то 1-уми июл дар масоҳати 20 ҳазору 892 гектар гузаронида шудааст.                  Тибқи нақша имсол кишти такрорӣ дар масоҳати 102 ҳазору 149 гектар гузаронида мешавад.                  Тибқи маълумоти ҳаин манбаъ, то 1-уми июл дар майдони 4285 гектар ғалладона, дар 4996 гектар ҷуворимакка барои дон, 450 гектар зироатҳои техникӣ, 39 гектар картошка ва дар 10 ҳазору 588 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст.

Июль 22, 2009 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад