МАШВАРАТИ СИЁСИИ НАМОЯНДАГОНИ ВКХ-и ТОҶИКИСТОНУ ФИНЛЯНДИЯ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).-Дирӯз, 30 июн намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия машварати сиёсӣ баргузор намуданд. Зимни машварат масъалаҳои марбут ба муносибатҳои ҳар ду мамлакат, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, ҳусни тафоҳуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин проблемаҳои дигари байналхалқию минтақавии мавриди назари ҳар ду ҷониб баррасӣ шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳайати Финляндия таҳти роҳбарии мудири кулли раёсати марбут ба масъалаҳои Русия, Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия Нина Васкунлахте ба Тоҷикистон ташриф овард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






