МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМУДИ ВАРЗИШИ ШОҲМОТ
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Федератсияи байналмиллалии шоҳмот рӯйхати навбатии мавқеи мамлакатҳои гуногунро дар намуди варзиши шоҳмот нашр намуд. Тоҷикистон дар рӯйхати мазкур ҷойи 72-юмро ишғол менамояд. Бояд гуфт, ки мавқеи Тоҷикистон дар рӯйхати мазкур нисбат ба даври гузашта 1 дараҷа беҳтар гардид. Рӯйхати Федератсияи байналмилалии шоҳмот 150 мамлакатро дар бар мегирад. Дар байни шоҳмотбозони тоҷик устоди дараҷаи байналмилалии шоҳмот Фаррух Амонатов пешсаф мебошад. Дар рӯйхати мазкур ба ӯ 2641 хол дода шудааст. Ф. Амонатов аз ҷумлаи 100 нафар шоҳмотбози беҳтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Қаҳрамони ҳозираи шоҳмоти Тоҷикистон Соҳиб Ҷӯраев бо 2439 хол ҷойи дуюмро ишғол менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






