МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМУДИ ВАРЗИШИ ШОҲМОТ

Июль 4, 2009 11:36

                   Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Федератсияи байналмиллалии шоҳмот рӯйхати навбатии мавқеи мамлакатҳои гуногунро дар намуди варзиши шоҳмот нашр намуд. Тоҷикистон дар рӯйхати мазкур ҷойи 72-юмро ишғол менамояд. Бояд гуфт, ки мавқеи Тоҷикистон дар рӯйхати мазкур нисбат ба даври гузашта 1 дараҷа беҳтар гардид. Рӯйхати Федератсияи байналмилалии шоҳмот 150 мамлакатро дар бар мегирад.                  Дар байни шоҳмотбозони тоҷик устоди дараҷаи байналмилалии шоҳмот Фаррух Амонатов пешсаф мебошад. Дар рӯйхати мазкур ба ӯ 2641 хол дода шудааст. Ф. Амонатов аз ҷумлаи 100 нафар шоҳмотбози беҳтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Қаҳрамони ҳозираи шоҳмоти Тоҷикистон Соҳиб Ҷӯраев бо 2439 хол ҷойи дуюмро ишғол менамояд.  

Июль 4, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа