НАХУСТИН НАМОИШГОҲИ МУАССИСАҲОИ ОМӢЗИШИИ ЭРОН

Июль 3, 2009 11:36

               Душанбе, 3 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 6 июл дар муҷтамеи давлатии «Кохи Ваҳдат»- и Душанбе нахустин намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳо ва муассисаҳои омӯзишӣ, фановарӣ, пажуҳишӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад.                Назар ба иттилои котиби матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ин чорабинӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарӣ ва Ширкати «Иртиботсозӣ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил мегардад.                Ҳадафи намошгоҳи байналмилалӣ ба ҳам овардани донишмандону пажӯҳишгарони ду миллати дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дар ин замина густариши муносибатҳо ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.                Дар намоиши мазкур зиёда аз 100 нафар меҳмонон аз Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарӣ, раисони донишгоҳҳо, устодону пажӯҳишгарон ва коршиносону намояндагони илму фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат варзида, маҷмӯи дастовардҳои ҷадиди илмӣ, таҷҳизот ва технологияҳои омӯзишию озмоишгоҳӣ ва фарҳангии зиёда аз 40 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, технопаркҳо, марказҳои таҳқиқотӣ ва китобхонаҳои электрониро дар кулли риштаҳо ба маърази тамошо мегузоранд.                 Намоишгоҳ бахшҳои соҳавии илмҳои табиӣ ва риёзӣ(физика, химия, риёзӣ, биология), компютер ва илмҳои фановарӣ, иқтисод, бозоргонӣ, кишоварзӣ, муҳандисӣ ва технологӣ, фарҳанг, ҳунарӣ ва интишоротӣ, тиб ва дорусозӣ, илмҳои педагогӣ, маориф, гуманитарӣ (фалсафа, адабиёт, таърих) иборат аст.                Ҳамзамон, иштирокдорони намоишгоҳ ба муассисаҳои олии касбӣ, фарҳангӣ ва интишоротии шаҳри Душанбе ташриф оварда, табодули афкор ва таҷриба менамоянд ва баҳри густариши ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ гуфтушунид менамоянд.  

Июль 3, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад