ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ БА НОМИ БЕҲЗОД БА БИНОИ НАВ МЕКӮЧАД

Июль 17, 2009 10:35

                  Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Душанбе, бинои нави Осорхононаи миллии ба номи К. Беҳзод сохта мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд. Бинои нав дар қисмати шимолии Қасри миллат дар ҳудауди бозори «Баракат» ҷой мегирад.                 Сардори раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳром Иззатов иттилоъ дод, ки аллакай 7 лоиҳаи ангорӣ барои сохтмони бинои осорхона ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод шудааст. 6 лоиҳаро пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии сохторҳои агентӣ таҳия намуда, 1- тои он аз тарафи лоиҳакашони Фаронса пешниҳод шудааст. Б. Иззатов илова намуд, ки баъди интихоб намудани лоиҳаи беҳтарин, сохтмони ин бинои фарҳангӣ оғоз меёбад.  

Июль 17, 2009 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад