ОЗМУНИ «КОРМАНДИ БЕҲТАРИНИ БДА»
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Раёсати бозрасии давлатии автомобили Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни «Корманди беҳтарини БДА»-ро ҷамъбаст намуд. Озмуни мазкур аз 27 июн то 2 июл гузаронида шуд. Дар озмун 5 гурӯҳ иштирок намуд, ки аз 18 нафар иборат буд. Дар аввали озмун дониши онҳо аз рӯи қоидаҳои ҳаракати роҳ санҷида шуд. Иштирокчиёни озмун маҳораташонро дар бобати танзими ҳаракати роҳ ва рафъи банд шудани мошинҳо зимни ҳаракат дар роҳ намоиш доданд. Кормандони БДА аз рӯи навъҳои гуногуни варзиш ҳунарнамоӣ карданд. Дар озмун корманди калони дастаи алоҳидаи хизмати роҳу нақлиёт ва посбонии РБДА ВКД ҶТ капитани милиса Хуршед Шарипов ғолиб омад. Ҷои дуюмро, корманди калони дастаи алоҳидаи хизмати роҳу нақлиёт ва посбонии БДА-и шаҳри Душанбе майори милиса Латиф Ҷалолов ва ҷоий сеюмро корманди калони БДА ш. Душанбе лейтенанти калони милиса Ҳикмат Ниёзов ишғол карданд. Аз рӯи ҳисобҳои умумӣ ҷоий аввалро дастаи кормандони БДА-и шаҳри Душанбе ишғол кард. Аз дафтари матбуотии РБДА ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба ҳамаи иштирокчиёни озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






