ОЗМУНИ «КОРМАНДИ БЕҲТАРИНИ БДА»

Июль 7, 2009 16:27

                 Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Раёсати бозрасии давлатии автомобили Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни «Корманди беҳтарини БДА»-ро ҷамъбаст намуд. Озмуни мазкур аз 27 июн то 2 июл гузаронида шуд. Дар озмун 5 гурӯҳ иштирок намуд, ки аз 18 нафар иборат буд.                 Дар аввали озмун дониши онҳо аз рӯи қоидаҳои ҳаракати роҳ санҷида шуд. Иштирокчиёни озмун маҳораташонро дар бобати танзими ҳаракати роҳ ва рафъи банд шудани мошинҳо зимни ҳаракат дар роҳ намоиш доданд. Кормандони БДА аз рӯи навъҳои гуногуни варзиш ҳунарнамоӣ карданд.                 Дар озмун корманди калони дастаи алоҳидаи хизмати роҳу нақлиёт ва посбонии РБДА ВКД ҶТ капитани милиса Хуршед Шарипов ғолиб омад. Ҷои дуюмро, корманди калони дастаи алоҳидаи хизмати роҳу нақлиёт ва посбонии БДА-и шаҳри Душанбе майори милиса Латиф Ҷалолов ва ҷоий сеюмро корманди калони БДА ш. Душанбе лейтенанти калони милиса Ҳикмат Ниёзов ишғол карданд. Аз рӯи ҳисобҳои умумӣ ҷоий аввалро дастаи кормандони БДА-и шаҳри Душанбе ишғол кард.                  Аз дафтари матбуотии РБДА ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба ҳамаи иштирокчиёни озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Июль 7, 2009 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд