ТАЪСИРИ БЎҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ

Июль 7, 2009 15:25

                 Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун 6 июл дар бораи таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ ба вазъияти мамлакатҳои ИДМ дар маҷлиси шӯроҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии созмон маърӯзаи нав пешниҳод намуд.                  Дар маърӯза гуфта мешавад, ки фарқияти дараҷаи тараққиёт ва рушди мамлакатҳои ИДМ бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ то рафт бештар мегардад. Коршиносон зикр менамоянд, ки дар гурӯҳи мамлакатҳои аврупоии ИДМ теъдоди одамоне торафт кам мешавад, ки қабл аз ин нисбатан қашшоқ буданд. Имрӯз камтар аз 0,3 % аҳолии ин мамлакатҳо ҳар рӯз ба андозаи 1,25 доллар маош мегирад. Дар мамлакатҳои дар қитъаи Осиё будаи ИДМ зиёда аз 19% аҳолӣ қашшоқона зиндагӣ дорад.                 Гуфта мешавад, ки дар давоми як соли охир шумораи коргарон аз ҳисоби аҳолии бенаво дар тамоми қаламрави ИДМ то рафт кам мешавад. Аз рӯи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат шумораи бекорон дар байни аҳолии камбизоат то 23% меафзояд.Дар маърӯзаи СММ омадааст, ки дар мамлакатҳои ИДМ ҳуқуқи мардону занон дар соҳаи маориф баробар гардидааст. Ин масъала бо вуҷуди ин дар баъзе мамлакатҳои осиёгии ИДМ ҳанӯз пурра ҳал нашудааст.                Ҳамзамон, миқдори вафоти кӯдакон дар баъзе мамлакатҳои ИДМ хеле зиёд аст. Дар ин мамлакатҳо соли 1990 аз ҳар ҳазор кӯдаки навзод 78 нафар вафот мекард, соли 2007 ин шумора то 35 нафар кам карда шуд. Вазъияти ба амаломада иҷрои вазифаро дар бораи аз 3/2 ҳисса кам кардани миқдори вафоти бачагони то 5 соларо дар шароити имрӯза то андозае душвор мегардонад.                Дар маърӯзаи СММ диққати ҳукуматҳо ва мамлакатҳо ба паҳн гардидани бемории сил дар ҳудуди ИДМ ҷалб карда мешавад.                                                                                            Тарҷумон Қудратов А.   

Июль 7, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад