ТАЪСИРИ БЎҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун 6 июл дар бораи таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ ба вазъияти мамлакатҳои ИДМ дар маҷлиси шӯроҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии созмон маърӯзаи нав пешниҳод намуд. Дар маърӯза гуфта мешавад, ки фарқияти дараҷаи тараққиёт ва рушди мамлакатҳои ИДМ бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ то рафт бештар мегардад. Коршиносон зикр менамоянд, ки дар гурӯҳи мамлакатҳои аврупоии ИДМ теъдоди одамоне торафт кам мешавад, ки қабл аз ин нисбатан қашшоқ буданд. Имрӯз камтар аз 0,3 % аҳолии ин мамлакатҳо ҳар рӯз ба андозаи 1,25 доллар маош мегирад. Дар мамлакатҳои дар қитъаи Осиё будаи ИДМ зиёда аз 19% аҳолӣ қашшоқона зиндагӣ дорад. Гуфта мешавад, ки дар давоми як соли охир шумораи коргарон аз ҳисоби аҳолии бенаво дар тамоми қаламрави ИДМ то рафт кам мешавад. Аз рӯи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат шумораи бекорон дар байни аҳолии камбизоат то 23% меафзояд.Дар маърӯзаи СММ омадааст, ки дар мамлакатҳои ИДМ ҳуқуқи мардону занон дар соҳаи маориф баробар гардидааст. Ин масъала бо вуҷуди ин дар баъзе мамлакатҳои осиёгии ИДМ ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Ҳамзамон, миқдори вафоти кӯдакон дар баъзе мамлакатҳои ИДМ хеле зиёд аст. Дар ин мамлакатҳо соли 1990 аз ҳар ҳазор кӯдаки навзод 78 нафар вафот мекард, соли 2007 ин шумора то 35 нафар кам карда шуд. Вазъияти ба амаломада иҷрои вазифаро дар бораи аз 3/2 ҳисса кам кардани миқдори вафоти бачагони то 5 соларо дар шароити имрӯза то андозае душвор мегардонад. Дар маърӯзаи СММ диққати ҳукуматҳо ва мамлакатҳо ба паҳн гардидани бемории сил дар ҳудуди ИДМ ҷалб карда мешавад. Тарҷумон Қудратов А.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






