ВАКИЛОНИ ПАЛАТАИ ПОЁНӢ БА ТАЪТИЛ РАФТАНД

Июль 1, 2009 11:01

                Душанбе, 1 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба таътили тобистона баромаданд. Таътили вакилони мардумӣ то 1 октябри соли равон идома ёфта, онҳо ҳамчунин дар ин муддат баробари истироҳат бо интихобкунандагони худ дар минтақаҳои гуногуни кишвар роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиёти кишвар мулоқот менамоянд.                  Бояд тазаккур дод, ки моҳи феврали соли 2010 дар Тоҷикистон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он ҳайати нави намояндагони палатаи поёнии парлумони мамлакат интихоб мегарданд.

Июль 1, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш