ҲАЛОКАТИ ВАЗИРИ СОХТМОНИ ИНГУШИСТОН

Август 13, 2009 09:56

                 Магас, 13 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — 12 август дар пойтахти Ингушистон — шаҳри Магас вазири сохтмони ҷумҳурӣ Руслан Амирхонов кушта шуд. Шахсони номаълум ӯро дар ӯтоқи кориаш парронданд. Сӯиқасди мазкур ба фаъолияти касбии Амирхонов марбут дониста мешавад. Дар натиҷаи ҳамин сӯиқасд ёвари вазир Муҳаммад Амирхонов маҷрӯҳ шуд, ки хеши наздики Руслан Амирхонов мебошад.                  Р.Амирхонов дар вазифаи вазири сохтмон ҳамагӣ 8 моҳ боз кор мекард. Ӯро ба ин вазифа президенти Ингушистон Юнусбек Евкуров таъин карда буд. Вазири сохтмони Ингушистон баъди ду рӯзи аз шифохона баромадани президенти Ингушистон Ю.Евкуров ба ҳалокат расид. Тавре хабар дода шуда буд, 22 июн ба муқобили президенти Ингушистон амали террористӣ анҷом дода шуд. Дар натиҷа Ю.Евкуров сахт маҷрӯҳ шуд ва дар шифохона табобат гирифт.                 Хабар дода мешавад, ки дар давоми шаш моҳи гузашта дар Ингушистон 164 нафар кушта шудааст. Қисми зиёди кушташудагон хизматчиёни ҳарбӣ, мансабдорон ва кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот мебошанд.

Август 13, 2009 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад