ҲАМКОРИИ ПАЛАТАИ САНОАТ ВА САВДОИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндагони палатаҳои савдо ва саноати қисмати ғарбии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии Ғулом Қодири Акбар мулоқот гузаронд. Зимни мулоқот роҳу усулҳои равнақу ривоҷи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду мамлакати ҳамсоя муҳокима шуданд. Ш. Саидов меҳмононро бо соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон шинос кард, ки ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ доранд, инчунин сухан дар бораи натиҷаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар рафт. Тарафайн масъалаҳои дуҷонибаи байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Афғонистонро муҳокима карда, қарор доданд, ки меморандуми ҳусни тафоҳум имзо кунанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






