ҲАМОҲАНГСОЗИ МИЛЛИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ИДМ ТАЪИН ШУД
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Қосимов ҳамоҳангсозии миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ИДМ таъин гардид. Сохтори ҳамоҳангсозони миллӣ соли 2008 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳо таъсис дода шуд. Вазифаи ҳамоҳангсози миллӣ ба зиммаи муовинони сарвазир гузошта мешавад, ки барои назорати ҷараёни иҷрои ҳуҷҷатҳои дар доираи ИДМ қабулшуда дар мамлакатҳояшон ваколат дошта бошанд. Онҳо дар мамлакатҳояшон фаъолияти мақомоти дахлдори давлатиро дар бобати ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ИДМ назорат мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ муовини сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон мебошад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






