АҲОЛИИ САЙЁРА ДАР СОЛИ 2011 БА 7 МИЛЛИАРД МЕРАСАД

Август 14, 2009 14:56

               Вашингтон, 14 август. (АМИТ «Ховар» — Дей.аз ).- Дар маърӯзаи созмони таҳлилии ИМА гуфта мешавад, ки шумораи аҳолии сайёраи Замин то соли 2011 ба 7 миллиард нафар мерасад. Қайд кардан лозим аст, ки шумораи аҳолии ҷаҳон дар давоми 12 соли охир 1 миллиард нафар афзуд. Аз рӯи хулосаи коршиносон, дар давоми солҳои оянда асосан аҳолии мамлакатҳои қашшоқтарини ҷаҳон, аз ҷумла баъзе мамлакатҳои Осиё ва Африқо босуръат зиёд хоҳад гашт. Айни ҳол як зани сокини Нигерия ба ҳисоби миёна 7 фарзанд дорад. Имрӯз шумораи камтарини таваллуд дар Таиланд мушоҳида мешавад. Дар ин ҷо як зан танҳо 1 фарзандро тарбия мекунаду халос. Тӯли солҳои оянда теъдоди зиёди сокинони деҳот дар ҷустуҷӯи кор ва шароити беҳтари зиндагӣ ба шаҳрҳо мекӯчанд.                 Пешгӯӣ карда мешавад, ки то соли 2050 Ҳиндустон аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ аз Чин пеш мегузарад. Дар ин муддат шумораи аҳолии мамлакатҳои қитъаи Африқо ба ҳисоби миёна ду баробар меафзояд.                 Коршиносон изҳори ташвиш менамоянд, ки айни ҳол 50 фоизи сокинони сайёра дар шароити ниҳоят вазнин зиндагӣ мекунад. Даромади сокинони мамлакатҳои қашшоқ дар як рӯз ҳамагӣ ду долларро ташкил медиҳад.

Август 14, 2009 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад