АСРОРИ МАРГИ ОВОЗХОНИ МАШҲУР

Август 11, 2009 16:34

               Сакраменто, 11 август.(АМИТ «Ховар» — РБК.ру.) — Политсияи Калифорния аз нашри натиҷаҳои таҳқиқ ва ташхиси ҷасади овозхони машҳур Майкл Ҷексон худдорӣ менамояд. Дар хабари политсия гуфта мешавад, ки натиҷаҳои ташхис бо мақсади махфӣ нигоҳ доштани ҷараёни тафтиши сабабу ҳолатҳои марги овозхон чоп карда намешаванд.Дар хабар омадааст, ки натиҷаҳои ташхиси узвҳои дохилии ҷасади овозхон тайёр карда шудаанд. Ин натиҷаҳо вақте нашр карда мешаванд, ки тамоми шубҳаҳои мавҷуда аз байн бардошта шаванд.                Алҳол маълум нест, ки ҷасади М.Ҷексон дар куҷост. Аз рӯи баъзе хабарҳо, ҷасади овозхонро дар қабристони Форест Лавн дафн кардаанд. Аммо хешу таборони овозхон ин хабарро тасдиқ накарданд.               Тавре хабар дода шуда буд, М.Ҷексон 25 июн дар шифохонаи Донишгоҳи Калифорния вафот кард. Овозхон ҳамагӣ 50 — сола буд. Мақомоти тафтишотӣ ба вафоти табиии овозхон шубҳа карда, ҷасади ӯро мавриди таҳқиқу ташреҳ қарор доданд.

Август 11, 2009 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад