«БАРҚИ ТОҶИК» ОМОДА АСТ БА НБО «САЯНО-ШУШЕНСК» КӮМАК РАСОНАД

Август 19, 2009 14:12

                 Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Шаби 16 ва 17-уми август дар Нерӯгоҳи барқи обии «Саяно-Шушенск»-и Республикаи Хакасияи Федератсияи Россия садама рӯй дод, ки дар натиҷа 13 нафар ба ҳалокат расиданд ва 62 нафар бе ному нишон гум шуданд.                  Бино ба гуфти сардори умури матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Санъат Рахимов ба раиси раёсати ҷамъияти саҳҳомии Рус — Гидро Василий Зубакин барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар он ба оилаҳои қурбоншудагон ва зарардидагони садама ҳамдардӣ баён карда мешавад. Инчунин ӯ қайд намуд, ки энергетикҳои тоҷик омодаанд барои барқарор намудани оқибатҳои нерӯгоҳ кӯмаки ҳамаҷонибаи худро расонанд.                   Хотиррасон мекунем, ки нерӯгоҳи барқи обии «Саяно-Шушенск», ки дар дарёи Енисей сохта шудааст, яке аз бузургтарин НБО — и дунё ба шумор меравад. Дар он 10 гидроагрегат шинонда шудааст ва иқтидори ҳар кадомашон 640 мегаватт мебошад.

Август 19, 2009 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад