«БАРҚИ ТОҶИК» ОМОДА АСТ БА НБО «САЯНО-ШУШЕНСК» КӮМАК РАСОНАД
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Шаби 16 ва 17-уми август дар Нерӯгоҳи барқи обии «Саяно-Шушенск»-и Республикаи Хакасияи Федератсияи Россия садама рӯй дод, ки дар натиҷа 13 нафар ба ҳалокат расиданд ва 62 нафар бе ному нишон гум шуданд. Бино ба гуфти сардори умури матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Санъат Рахимов ба раиси раёсати ҷамъияти саҳҳомии Рус — Гидро Василий Зубакин барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар он ба оилаҳои қурбоншудагон ва зарардидагони садама ҳамдардӣ баён карда мешавад. Инчунин ӯ қайд намуд, ки энергетикҳои тоҷик омодаанд барои барқарор намудани оқибатҳои нерӯгоҳ кӯмаки ҳамаҷонибаи худро расонанд. Хотиррасон мекунем, ки нерӯгоҳи барқи обии «Саяно-Шушенск», ки дар дарёи Енисей сохта шудааст, яке аз бузургтарин НБО — и дунё ба шумор меравад. Дар он 10 гидроагрегат шинонда шудааст ва иқтидори ҳар кадомашон 640 мегаватт мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






