БАРҚИЯИ ШОДБОШИ Э.РАҲМОН БА УНВОНИ ҚУРМОНБЕК БОҚИЕВ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба унвони президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи шодбош фиристод. Дар он аз ҷумла, гуфта мешавад: «Қурмонбек Солиевичи мӯҳтарам, Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Қирғизистонро ба муносибати иди миллии Рӯзи истиқлолият самимона табрик менамоям. Мо ба қадри дӯстӣ, эҳтироми мутақобалаи халқҳоямон ва равобити деринаи онҳо мерасем, ки аз имтиҳони таърих гузашта, то имрӯз барои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории мо заминаи мустақкам мебошанд. Ин ҷониб аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории мамлакатҳоямон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз медорам, ки мо ба туфайли ҷидду ҷаҳди муштаракамон рушди муттасили муносибатҳои дуҷонибаамонро таъмин хоҳем кард ва ин ба манфиатҳои куллии халқҳо ва мамлакатҳоямон ҷавобгӯ буда, омили муҳими таъмини сулҳу суботи минтақа ба шумор мераванд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар Шумо — ҷаноби Президентро ба муносибати ғалаба дар интихоботи Президенти Қирғизистон табрик менамоям. Ба Шумо, Қурмонбек Солиевичи мӯҳтарам, саломатӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти қирғиз сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзу дорам». Тарҷумон — Қудратов А.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






