БУНГОҲҲО ВА ШӮЪБАҲОИ НАВИ ТАБОБАТӢ ДАР ВАҲДАТ

Август 20, 2009 09:06

                  Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки назорат аз болои муассисаҳои тандурустӣ, кори муоина ва муолиҷаи гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ сол аз сол беҳтар гардонида мешавад.                 Бо ин мақсад, дар деҳаҳои Адолат ва Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Гулистон бунгоҳҳои саломатии нав сохта бо мутахассисон ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардонида шуданд.                  Дар шӯъбаи шикастабандии ноҳия 2 ҳуҷра, дар маркази ёрии таъҷилӣ низ 2 ҳуҷра аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.                 Масъулини беморхонаи марказӣ нақша доранд, ки рӯзҳои наздиктарин ошёнаи сеюми шӯъбаи таваллудхонаро бо дастгирии соҳибкорон пурра аз таъмир бароварда, ба «Маркази дандон — пизишкӣ» табдил диҳанд.

Август 20, 2009 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе