ДАР ЭРОН БОРИ АВВАЛ ЗАНОН ВАЗИР ТАЪИН КАРДА МЕШАВАНД

Август 17, 2009 10:18

                       Теҳрон, 17 август. (АМИТ «Ховар» — РБК. ру). — Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод зимни муроҷиаташ ба мардуми кишвар ба воситаи телевизион изҳор намуд, ки ояндаи наздик якбора се нафар зан дар ҳайати Ҳукумати мамлакат соҳиби вазифаҳои баланд хоҳанд гашт. Президент зикр намуд, ки Марзия Воҳид Дастгардӣ вазири тандурустӣ ва Фотима Айорлу вазири ҳифзи иҷтимоӣ таъин карда мешаванд. М.Аҳмадинажод номи зани сеюмро, ки бояд вазир таъин гардад, зикр накард.                        Ин баъди соли 1979 дар Эрон бори аввал аст, ки занон ба вазифаҳои баланд таъин мегарданд.                       Бояд гуфт, ки роҳбари расмии давлати Эрон на президент, балки сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ ва роҳбари разведкаи низомӣ мебошад.                       Вай одамонро ба вазифаҳои олии давлатӣ, аз ҷумла, раисони судҳо, роҳбарони политсия, қумондонони ҳамаи навъҳои артиш ва шаш нафар узви Шӯрои ҳомиёни инқилоби исломиро таъин менамояд. Роҳбари олии давлатро Анҷумани коршиносон интихоб мекунад.                        Роҳбари олии имрӯзаи Эрон Оятулло Саид Алии Ҳоменеӣ аст.                                                                                                       Тарҷумон — Қудратов А.

Август 17, 2009 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад