ДАР КӮЧАИ МОЁНШО НАЗАРШОЕВ МУШКИЛИ БАРҚ ҲАЛ МЕШАВАД

Август 18, 2009 08:21

               Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми 5 соли ахир идорае намондааст, ки арзу шикояти сокинони кӯчаи Моёншо Назаршоев ба он ҷо нарасида бошад, аммо бе натиҷа.               Бино ба гуфти сокини ҳамин маҳалла акаи Ҳасан, панҷ сол аз бебарқӣ азоб кашиданашон фақат бо айби худи онҳост. Зеро вақти харидани трансформатор зарур буд, ки онро аз мувозинаи (баланс) — и корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан» бароварда ба мувозинаи шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе гузаронанд, аммо ин ба ёди касе назад.               Фақат пас аз даводави панҷсола роҳи ҳалли он ёфт шуд ва онро баъди рақамгузорӣ ба мувозинаи шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе супориданд. Шабакаи номбурда трансформаторро барои таъмир қабул кард. Бо ваъдаи мутахассисони соҳа дар рӯзҳои моҳи рамазон ҳатман сокинони кӯчаи номбурда бо барқ таъмин мегарданд.  

Август 18, 2009 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад