ДАР НИЖНЫЙ НОВГОРОД ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОН ТАШКИЛ ЁФТ
Нижный Новгород, 18 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар Нижный Новгород Созмони минтақавии ҷамъиятии «Маркази фарҳангии тоҷикон — Дӯстӣ» ташкил ёфт ва шумораи нахустини ҳафтаномаи «Дӯстӣ» аз чоп баромад. Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ташкилкунандагони ҷамъияти мазкурро табрик намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамкории доманадори худро ривоҷ дода, ба вусъати ҳамкорӣ бо минтақаҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла вилояти Нижегород аҳамияти калон медиҳад. Сафир изҳори боварӣ намуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам ривоҷ меёбанд. Тоҷикистон бо вилояти Нижегород дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт хамкорӣ хоҳад кард. Ин аз ҳар ҷиҳат ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар мебошад, менависад А.Достиев. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






