ДАР НИЖНЫЙ НОВГОРОД ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОН ТАШКИЛ ЁФТ

Август 18, 2009 12:02

                Нижный Новгород, 18 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар Нижный Новгород Созмони минтақавии ҷамъиятии «Маркази фарҳангии тоҷикон — Дӯстӣ» ташкил ёфт ва шумораи нахустини ҳафтаномаи «Дӯстӣ» аз чоп баромад.                 Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ташкилкунандагони ҷамъияти мазкурро табрик намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамкории доманадори худро ривоҷ дода, ба вусъати ҳамкорӣ бо минтақаҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла вилояти Нижегород аҳамияти калон медиҳад.                 Сафир изҳори боварӣ намуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам ривоҷ меёбанд. Тоҷикистон бо вилояти Нижегород дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт хамкорӣ хоҳад кард. Ин аз ҳар ҷиҳат ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар мебошад, менависад А.Достиев.                                                                                        Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 18, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад