ДАЪВАТИ ҲОМИД КАРЗАЙ

Август 14, 2009 11:08

                     Кобул, 14 август. (АМИТ «Ховар» — Афғонистон.ру). — Президенти хозираи Афғонистон ва яке аз номзадҳои мансаби президент Ҳомид Карзай ҳарифони асосии худ — доктор Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро даъват намуд, ки дар мавриди пирӯз гардиданаш дар интихоботи президент ба ҳайати ҳукумати ӯ дохил гарданд. Ҳ.Карзай дар ин бора зимни мулоқоташ 13 август бо намояндагони созмонҳои занон дар Кобул сухан ронд. Вале Абдуллои Абдулло ва Ашраф Ғанӣ пешниҳоди сардори давлатро рад карда, изҳор намуданд, ки тақдири президент ва ҳайати ҳукуматро халқи Афғонистон муайян хоҳад кард. Абдуллои Абдулло ва Ашраф Ғанӣ ҳафтаи гузашта зимни нишасти матбуотӣ барномаи иқтисодии худро муаррифӣ намуданд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки Абдуллои Абдулло ва Ашраф Ғанӣ дар мубориза ба муқобили Ҳ.Карзай муттаҳид гардида метавонанд.                     Аз рӯи хабари дигар, 13 август тарафдорони генерал Абдулрашид Дӯстум дар вилояти Форёб намоиш ташкил намуда, аз ҳукумат талаб намуданд, ки барои бозгашти Дӯстум аз Туркия ба Афғонистон шароит муҳайё созад. А.Дӯстум охири моҳи гузашта изҳор намуд, ки номзадии президенти ҳозира Ҳ.Карзайро дар интихобот дастгирӣ менамояд.  Ҳамон вақт дар бораи имконияти ба ватан баргаштани Дӯстум хабарҳо паҳн гардиданд.    Вале Дӯстум баъди изҳороти президенти ИМА Барак Обама дар бораи оғози тафтишоти воқеаи куштори ҳазорон нафар асирони ҳарбӣ дар шимоли Афғонистон соли 2001 қарори худро тағйир дод.  

Август 14, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд